Новости   Пример: Тоҷикистон
 
  Навигация  
  Сиёсат 17776
  Иқтисодиёт 3
  Ҷамъият 6
  Рўйдоди ҳафта 907
  Фарҳанг 2
  Баррасии матбуот 12
  Аналитика 11653
 
  Лучшее за неделю  
  Аналитика  

Дуздии дандонҳои тиллоӣ аз мурдагони қабрҳо
Добавлено: 66 н. 6 д. 3 ч. 18 м. назад

Санадҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Чин
Добавлено: 66 н. 6 д. 4 ч. 8 м. назад

Эмомалӣ Раҳмон – соҳиби «Медали тиллои ФИАС»
Добавлено: 66 н. 6 д. 4 ч. 28 м. назад

Зиёрати Абдуллоҳ Гул аз масҷиди ҷомеи Душанбе
Добавлено: 66 н. 6 д. 6 ч. 18 м. назад

Бист тоннаи боздоштшуда дар даҳ сол
Добавлено: 66 н. 6 д. 6 ч. 18 м. назад

1 июн - Рӯзи байналмилалии кӯдакон
Добавлено: 66 н. 6 д. 6 ч. 18 м. назад

Оғози баррасии додгоҳии шикояти ҲНИТ
Добавлено: 66 н. 6 д. 6 ч. 18 м. назад

Посухи Эмомалӣ Раҳмон ба Ислом Каримов
Добавлено: 66 н. 6 д. 6 ч. 18 м. назад

"Китоби cурх"-и боғҳои Осиёи Марказӣ
Добавлено: 66 н. 6 д. 6 ч. 18 м. назад

Боздошти афроди марбут ба Мулло Абдулло
Добавлено: 66 н. 6 д. 6 ч. 18 м. назад
 
 
 

Э. Раҳмон дар маросими шиносонии лоиҳаи сохтмони як силсила биноҳои замонавӣ


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими шиносонии лоиҳаи сохтмони як силсила биноҳои замонавӣ, ки дар соҳили ҷанубии кули Ҷавонони пойтахт бунёд хоҳанд ёфт, иштирок намуд.


 Хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
                Чунонки маълум шуд, дар ин ҷо аз ҷониби ширкати «Қатарӣ Диёр-Тоҷикистон» бо номи Диёри Душанбе маҷмааи як қатор биноҳои нав бо тарҳу намои замонавӣ бунёд хоҳанд ёфт. Маҷмаа дар майдони 6,8 гектар доман паҳн намуда, ин мавзеъро ба як шаҳраки зебои муосир табдил хоҳад дод.
                Маҷмааи Диёри Душанбе аз биноҳои бисёрқабатаи истиқоматӣ, меҳмонхонаи 5-ситорадор, марказҳои корӣ ва маъмурию тиҷоратӣ, тарабхона, қаҳвахона ва чойхона, мактаб ва боғчаи кӯдакон ва ҳамчунин аз гулгашту сайргоҳҳои дилнишин иборат хоҳад буд.  Дар ин ҷо 5 бинои аз 10 то 16 - қабатаи истиқоматӣ бунёд меёбанд, ки иборат аз 331 хона хоҳанд буд. Меҳмонхона дорои 128 утоқи зист, толори маҷлисии иборат аз 400 то 600 ҷойи нишаст, тавақӯфгоҳи мошинҳо хоҳад шуд ва бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар зербинои он ҳамчунин марказҳои тиббию солимгардонӣ ва фароғати муштариён низ бунёд меёбанд.
                Бо пешниҳоди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди биноҳо ҳамчунин унсурҳои меъмории миллии тоҷикӣ ва дастовардҳои муосири технологияҳои сохтмонӣ истифода хоҳанд шуд.
                Лоиҳаи сохтмони маҷмааи мазкур харҷи 150 - 180 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои ширкати «Қатарӣ Диёри Тоҷикистон» - ро пешбинӣ менамояд.
                Сохтмони биноҳо, тибқи мувофиқа, аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии Тоҷикистон анҷом меёбад. Дар бунёди биноҳои маҷмааи номбурда қариб 600 нафар бинокорони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мегарданд. Баъди ба кор шурӯъ намудани меҳмонхона ва дигар иншооти ҷамъиятӣ дар онҳо барои беш аз 300 нафар ҷойҳои корӣ муҳайё хоҳанд шуд.
                 Хотиррасон бояд намуд, ки қатарӣ Диёр яке аз ширкатҳои сохтмонии Давлати Қатар буда, бо имкониятҳои фарохи молиявӣ ва корҳои хушсифату босуръати худ обурӯю эътибори баланди ҷаҳонӣ дорад ва мувофиқахо барои ҷалби ин ширкат ба Тоҷикистон дар сатҳи сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва шайх ҳамад ибни Халифа оли Сонӣ ба даст омада буданд.
                 Ба иттилои раиси кулли он Ғаним ибн Саад ас-Саад ширкати қатарӣ Диёр дар 35 давлати ҷаҳон лоиҳаҳои сармоягузорӣ дорад, вале ба ин лоиҳа, ба гуфти ӯ, Амири Давлати Қатар шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сонӣ таваҷҷӯҳи хос дорад.
                 Таъкид гардид, ки сохтмони ин биноҳо моҳи сентябри соли равон оғоз ёфта, дар якҷоягӣ бо бинои як бонк ва сафоратхонаи Давлати Қатар дар мӯҳлати ду соли оянда, то ҷашни 20-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба истифода супурда мешаванд.      Ҳамчунин таъкид гардид, ки ин танҳо оғози ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва бунёдкорӣ миёни Тоҷикистону Қатар аст.
                  Зимни сӯҳбатҳо дурнамои ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа фароху умедбахш арзёбӣ гардид.
                  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.


Source: http://www.varorud.tj


 

Просмотров: 145

  Голосования
1 2 3 4 5  
Оценка:
Число голосов: 0
Комментарии
  Cooming soon! Updating...
 
 
 
  © 2007 MYNET.TJ All Rights Reserved.   Помощь · Семинары · Реклама на mynet.tj · О компании · Вакансии · Сувениры  
Таджикистан: рейтинг таджикских сайтов, новости таджикистана, таджикская музыка, таджикские mp3