Новости   Пример: Тоҷикистон
 
  Навигация  
  Сиёсат 17776
  Иқтисодиёт 3
  Ҷамъият 6
  Рўйдоди ҳафта 907
  Фарҳанг 2
  Баррасии матбуот 12
  Аналитика 11653
 
  Лучшее за неделю  
  Аналитика  

Дуздии дандонҳои тиллоӣ аз мурдагони қабрҳо
Добавлено: 66 н. 6 д. 3 ч. 53 м. назад

Санадҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Чин
Добавлено: 66 н. 6 д. 4 ч. 43 м. назад

Эмомалӣ Раҳмон – соҳиби «Медали тиллои ФИАС»
Добавлено: 66 н. 6 д. 4 ч. 3 м. назад

Зиёрати Абдуллоҳ Гул аз масҷиди ҷомеи Душанбе
Добавлено: 66 н. 6 д. 6 ч. 53 м. назад

Бист тоннаи боздоштшуда дар даҳ сол
Добавлено: 66 н. 6 д. 6 ч. 53 м. назад

1 июн - Рӯзи байналмилалии кӯдакон
Добавлено: 66 н. 6 д. 6 ч. 53 м. назад

Оғози баррасии додгоҳии шикояти ҲНИТ
Добавлено: 66 н. 6 д. 6 ч. 53 м. назад

Посухи Эмомалӣ Раҳмон ба Ислом Каримов
Добавлено: 66 н. 6 д. 6 ч. 53 м. назад

"Китоби cурх"-и боғҳои Осиёи Марказӣ
Добавлено: 66 н. 6 д. 6 ч. 53 м. назад

Боздошти афроди марбут ба Мулло Абдулло
Добавлено: 66 н. 6 д. 6 ч. 53 м. назад
 
 
 

Прокурори қалбакӣ


Ҷинояткор бо шаҳодатномаи қалбакии «корманди прокуратура». Ӯ шаҳодатномаи корманди прокуратураро, шаҳодатномаи қалбакии бо иваз намудани ному насабашро ва як чанд ҳуҷҷатҳои қалбакии дигар тайёр намуда даст ба ҷиноят задааст.

    Ӯро дар асоси моддаи 67 қисми 3-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои маҷмӯъи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳои таъиншуда ба мӯҳлати 9 солу 6 моҳ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, бо мусодираи амвол, бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муаян, бо адои ҷазо дар Колонияи ислоҳии дорои низомаш «пурзӯр» ҷазо таъин карданд.

   Санаи 8-уми майи соли 2006 бо мақсади қаллобӣ, яъне тасарруфи амволи ғайр бо роҳи фиреб Шарипов Муқим Раҷабович ба хонаи Сафарова Каромат Шариповна, ки дар суроғаи шаҳри Душанбе, кучаи Борбад, хонаи 60, ҳуҷраи 25 ҷойгир аст омада бо мақсади дар амал татбиқ намудани ниятҳои ғаразноки худ, изҳор намудааст, ки ба вай ба миқдори 300 доллари ИМА диҳад. Ӯ шиносномаашро ба гарав монда дар муддати кӯтоҳ ин маблағро бар мегардонидааст.
Муқим Шарипов дар вақти гуфтугузор аз Сафарова Каромат хоҳиш намудааст, ки якбора боз ба ӯ боз 600 доллари ИМА диҳад. Вай шиносномаи хориҷии худро ва шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи Шарипов Муқим Раҷабович, ки 3-уми майи соли 2001 аз тарафи ШКД-и ноҳияи Нуробод дода шудааст, чун гарав ба Сафарова Каромат дода ин маблағро гӯё барои бо девор пушонидани атрофи замини наздиҳавлигиаш сарф мекардаасту ва дар муддати кутоҳ ин маблағро бар мегардонидааст. Вай ба боварии Сафарова Каромат даромада аз ӯ 900 доллари ИМА ба даст оварда, минбаъд ба эҳтиёҷоти худ сарф кардааст. Дар натиҷа Шарипов Муқим ба ба шаҳрванд Сафарова Каромат зарари моддӣ ба миқдори махсусан калон расонидааст.
   Шарипов Муқим тахминан моҳи марти соли 2007 аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Хуҷанд омада, бо мақсади амали намудани тасарруфи амволи ғайр бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ, барои худаш ду адад шаҳодатномаи хизматии корманди прокуратура бо тағир додани ному насаб, яъне ба ҷои Шарипов Муқим Раҷабович- Шарипов Рустам Расулович бо роҳи сохтакори тартиб дода, дар ин шаҳодатнома худро дар вазифаи сармуфаттиш, бо рутбаи подполковник ва ба мӯҳлати аз соли 2007 то 2010 зикр намудааст.
   Сипас ӯ барои худ либоси корманди либоси прокуратураро бо рутбаи подполковник аз ателеи «Мадина», ки дар шаҳри Хуҷанд кучаи Стаханова хонаи 27/1 воқеъ гардидааст фармуда, тайёр намуда дастрас намудааст. Ӯ барои мустаҳкам кардани мавқеи худ ҳам чун «корманди прокуратура» бо ҳуҷҷати дахлдор, бо роҳи сохтакории дипломи силсилаи ТС №0028276 тайёр намуда дар он худро бо ному насаби Шарипов Рустам Расулович, хатмкунандаи Донишгоҳи Давлатии ба номи В.И. Ленин шаҳри Санкт-Петербург, дар соли 1987 бо ихтисоси юрист-прграмисти дараҷаи якум зикр намудааст. Инчунин, ӯ барои худ шаҳодатнома дар бораи таваллуд зери силсилаи 111 ЕЖ таҳти рақами 414938 тайёр намуда, ному насаби худро ба ҷои Шарипов Муқим Раҷабович- Шарипов Рустам Расулович, ба ҷои 19.10 1962 сол- 19.10.1972 сол таваллуд шуда зикр карда, боз варақаи шахсии ба қайдгирии кадрҳоро бо ному насаби бардурӯғи Шарипов Рустам Расулович, 19.10 1972 сол таваллуд шуда, бо нишон додани солҳои хатми Донишгоҳи Давлатии шаҳри Москав дар солҳои 1987-1997 бо ихтисоси юрист-прграмист, ҷойҳои корӣ , яъне дар аввал ҳамчун донишҷӯи Донишгоҳи давлатии шаҳри Мосав дар солҳои 1987-1993 сол, аз соли 1993 то соли 2007 ҳамчун муфаттиши прокуратураи вилояти Суғд тайёр намудааст.
Ӯ баъд аз тайёр намудани ҳуҷҷатҳои қалбакии дар боло зикршуда худро ҳамчун корманди прокуратураи вилояти Суғд вонамуд карда, ҳар гоҳ либоси низомии корманди прокуратураро бо ртбаи подполковник пушида дар суроғаи шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 32 бинои 49, ҳуҷраи 48, ки ба шаҳрванд Азизова Медея Абдуллоевна таалуқ доштааст ҳамчун иҷоранишин истикомат намудааст.
   Шарипов Муқим барои такроран содир намудани ҷинояти қаллоби аввалҳои моҳи июни соли 2007 ба дукони самбусапазии шаҳрванд Расулова Марҳамат Шариповна, ки дар ҳудуди бозори Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст омада худро ҳамчун корманди прокуратураи вилояти Суғд бо номи бардурӯғи Шарипов Рустам Расулович муаррифи карда, бо Расулова Марҳамат шиносои пайдо намудааст. Ӯ ба шаҳрванд Расулова Марҳамат шаҳодатномаи қалбакии корманди прокуратураи вилояти Суғд, ҳамчун муфаттиши прокуратура нишон дода, бо ин роҳ Расулова Марҳаматро бовар кунонидааст, ки ӯ дар ҳақиқат корманди прокуратура аст, вале оиладор нест ва мақсади оила бунёд карданро дорад. Расулова Марҳамат ба ин гуфтаҳо бовар карда ба ӯ пешниҳод намудааст, ки ба духтари вай Расулова Мадина, ки аз шавҳараш ҷудо шудааст оиладор шавад. Шарипов Муқим ин пешниҳодро хуш пазируфта рози шудааст, ки ба Расулова Мадина оиладор шавад. Бо ҳамин ӯ пурра ба боварии Расулова Марҳамат даромада, бо мақсади қаллобӣ, яъне тасарруфи амволи ғайр бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ, тахминан аввалҳои моҳи июли соли 2007 бардуруғ бо баҳонаи хона харидан, аз шаҳрванд Расулова Марҳамат хоҳиш намудааст, ки барои вай маблағи пули диҳад.
   Расулова Марҳамат ба ин гуфтаҳо бовар карда рози шудааст ба ӯ маблағи пули диҳад. Бинобар он, ӯ дар муддати тахминан 15-рӯз якчанд маротиба ба назди Расулова Марҳамат омада бардурӯғ мегуфтааст, ки харидорони хона хело зиёданд ва бо ин роҳ маблағи 1000 доллари ИМА-ро ба миқдори 200, 300, 500 доллари ИМА гирифта баҳона карда гуфтааст, ки вай хонаро аллакай харидааст. Дар баробари ин вай китоби хонаи суроғаи бо номи ӯ бо роҳи қалбаки навишташударо нишон дода, боз изҳор намудааст, ки соҳиби хона маблағи гирифтаашро ба Русия ба хешовандонаш фиристодаасту маблағи пули барои рафтан ба Русия надоштааст ва барои гусели соҳиби хона боз 300 сомони ба ӯ диҳад. Бо ин гуфтаҳояш ӯ ба боварии Расулова Марҳамат даромада аз маблағи 300 сомониро бо роҳи фиреб гирифта ин маблағҳоро ба манфити худаш сарф намудааст. Бо ин кирдори худ ӯ ба Расулова Марҳамат ба маблағи умумии 3739,6 сомони зарари модди ба миқдори калон расонидааст.
   Шарипов Муқим такроран ҷиноятҳои худро идома дода моҳи августи соли 2007 бо мақсади ғаразнок ба хонаи истиқоматии шаҳрванд Ҷураева Норӣ Дадоевна, ки истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд мебошад омадааст. Сипас ӯ худро бо номи бардурӯғаш ҳамчун корманди прокуратураи вилояти Суғд муаррифи намуда, бо ин оила шиносоӣ пайдо намудааст.
Ӯ шаҳодатномаи қалбакии худро нишон дода худро бардурӯғ сармуфаттиши прокуратураи вилояти Суғд шинос намудааст. Бо ҳамин тарз ба боварии Ҷӯраева Норӣ даромада, бо мақсади дар амал татбиқ намудани ниятҳои ғаразноки худ бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз Ҷӯраева Норӣ хоҳиш намудааст, ки бинобар бародараш аз шаҳри Душанбе ба Хуҷанд ба меҳмони омаданаш ба маблағи 500 сомони пул диҳад, то ки ӯ бародарашро меҳмондори кунад. Ҷӯраева Норӣ, аз мақсадҳои ғаразноки ӯ бехабар, ба суханҳои ӯ бовар намуда 500 сомони мабла бовар намуда 500 сомони маблағ додааст. Пас аз гузаштани чанд муддат Ҷӯраева Норӣ аз ӯ хоҳиш намудааст, ки маблағи 500 сомони додаашро бар гардонад, аммо ӯ ба ҳар гуна баҳона аз додани ин маблағ саркаши намуда то соли 2008 ин маблағро бар нагардонидааст. Аз сабаби он ки Ҷӯраева Норӣ маблағи қарзии ба ӯ додаашро рӯёнида натавонистааст ва бовар кардааст, ки ӯ дар ҳақиқат корманди прокуратура мебошад , дар шахсияти ӯ ҳамчун корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дида хоҳиш намудааст, ки оид ба масъалаи ба номаш гузаронидани ҳавлии истиқоматии хешовандаш, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд кучаи С. Ҳофиз хонаи 310 кумак расонад. Шарипов Муқим ба ин таклиф рози шуда такроран моҳи феврали соли 2008 бо роҳи фиреб ва суиистифодаи Ҷӯраева Норӣ барои ҳалли масъалаи баҳсноки хонаи истиқоматиаш ба маблағи 700 сомони талаб кардааст. Баъди ба даст овардани 700 сомони аз ин миқдор 450 сомониашро ба ҳимоячии ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон Мамадҷонов Раҳматҷон, ки барои ҳалли масъалаи аризаи Ҷӯраева Норӣ кор мебурдааст додааст. Боқимонда маблағро ба эҳтиёҷоти худ масраф кардааст. Ҳамин тавр, ӯ аз Ҷӯраева Норӣ бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ ба маблағи умумӣ 750 сомониашро тасарруф намуда ба вай зарари калони моддӣ расонидааст.
    Инчунин, Шарипов Муқим қасдан дидаю дониста бо мақсади ғаразнок ва манфиатҳои шахсӣ даст ба дузанагӣ зада дар ин ҳолат ҷиноятҳо содир намудааст.
    Моҳи августи соли 2007 Муқим Шарипов либоси низомии корманди прокуратураро бо рутбаи подполковник пӯшида ба хонаи истиқоматии Маҳлиё Ғаниева, ки дар ҷамоати Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ аст омада бо падару модари ӯ шинос шуда бо номи қалбакиаш худро ба онҳо муаррифи карда шаҳодатномаи бардурӯғи худро нишон додааст. Шарипов бо ин рафтораш тасдиқ намудааст, ки дар ҳақиқат аз оилааш ҷудо шудаасту дар танҳои истиқомат мекунад ва мехоҳад бо духтари онҳо хонадор шавад. Волидайни Маҳлиё ба суханони бардурӯғи Муқим бовар карда розигии худро барои оиладор шудани духтарашон бо ӯ додаанд. Санаи 2 ноябри соли 2007 маросими тӯи хонадоршавии онҳо бо воситаи никоҳи мусулмонӣ, дар туйхонаи «Сомониён»- шаҳри Ғафуров баргузор гардид. Пас аз маросими тӯи хонадоршавӣ Муқим ва Маҳлиё дар суроғаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷамоати Исфисор кӯчаи И. Исмонов, ки ба волидайни Маҳлиё таалуқ дорад якҷоя истиқомат карда хонадории умумиро ба роҳ монданд.
   Муқим бо Маҳлиё дар ин суроға истиқомат намуда, аз шароити ба худ мувофиқ истифода карда бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ даст ба тасарруфи амволи ғайр задааст.
   Чунончӣ, Муқим моҳи декабри соли 2007 бо мақсади тасарруф намудани амволи ғайр бо роҳи фиреб ба боварии волидони Маҳлиё Нори Қирғизбоева ва Ёқуб Ғаниев даромада аз онҳо хоҳиш намудааст ба миқдори 700 доллар барояш қарз диҳанд. Зеро ба ӯ аз ҷои кориаш ҳуҷраи истиқомати дода истодаанду онро бо нархи арзон харида истодааст. Ба ин дурӯғҳои ӯ падару модари Маҳлиё бовар намуда ба умеди он, ки фарзандашон соҳиби хона мешавад ба дасти ӯ 700 доллар доданд. Муқим ин маблағҳоро ба эҳтиёҷоти худ масраф мекунад.
   Муқим ҳаракатҳои ҷинояткоронаи худро давом дода, такроран бо мақсади тасарруфи амволи ғайр моҳи декабри сои 2007, ки Маҳлиё ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия рафта буд, аз волидони охирон хоҳиш намудааст, ки барои ба назди Маҳлиё рафтанаш ба маблағи 300 доллар роҳкиро ба автобус рафтанро диҳанд. Модари Маҳлиё ба ин гуфтаҳо низ бовар карда бо розигии шавхараш ба ӯ ин маблағро додааст. Муқим ин миқдор пулро нобуд када бо мақсади такроран ба даст овардани маблағи пули баё волидайни Маҳлиё баҳона пеш овардаат, ки барои ба Русия рафтан шиноснома надорад ва аз онҳо хоҳиш намудааст, ки барои гирифтани шиноснома ба ӯ боз 200 доллар маблағ диҳанд. Модари Маҳлиё бехабар аз мақсадҳои ҷинояткоронаи ӯ ба суханони бардурӯғи Муқим бовар намуда боз ба маблағи 200 доллар маблағи пули додааст.
Аммо, ӯ, ки танҳо мақсади тасарруф кардани маблағи пулии Нори Қирғизбоеваро дошт, ин миқдор пулҳои гирифтаашро ба эҳтиёҷоти худ сарф намуда, ба ҳаракатҳои қасдонаи худ ба Қирғизбоева ба маблағи умумии 4157,88 сомони зарари махсусан калони модди расонидааст.
   Охирҳои майи соли 2008 Муқим ба хонаи истиқоматии Шерматова Махфират, ки бо духтараш Наргиса Мухторова дар суроғаи шаҳри Хуҷанд маҳаллаи 28 хобгоҳи 8 ҳуҷраи 14 истиқомат мекунад омадааст. ӯ боз бо номи бардурӯғу шаҳодатномаи қалбакии худ бо онҳо шинос шуда бо мақсади дар амал ҷори намудани нияти ғаразноки худ ба Наргиса мақсади оиладор шуданро пешниҳод кардааст. Ба гуфтаҳои ӯ иодари Наргиса пурра бовари ҳосил кардааст. Баъдан Муқим бо мақсади қаллобӣ 27 июни соли 2008 бо баҳонаи он, ки гӯё дар шаҳри Прибалтика 800 адад мошинаҳОш истодаанду барои овардани онҳо маблағ лозим аст гӯён боварии Мухтороваро суиистифода намуда бо роҳи фиреб аз охирон ба маблағи 500 доллар тасарруф намудааст.
   Ӯ инчунин бо роҳи фиреб 15 июни соли 2008 боз ба боварии Шерматова даромада ба охирон изҳор кардааст, ки ӯ ҳоло аз маҷлиси фаврии прокуратураи вилояти Суғд баромадаасту ӯро ба вазифаи баланд таъин намудаанд. Бинобар ин аз Махфират хоҳиш намудааст, ки ба ӯ 200 доллар қарз диҳад то, ки ба ҳамкоронаш дастурхон ороста намояд. Махфират ин маблағро ба ӯ додаст ва Муқим ин маблағҳоро низ барои эхтиёҷоти худ масраф намудааст.
   Ғайр аз ин Муқим моҳи августи соли 2008 бо роҳи фиреб аз охирон хоҳиш намудааст, ки ба ӯ 300 доллар диҳад то, ки ӯ як кори ҷиноятиро ҳал карда қатъ намудааст. Бинобар он, ки кори ҷиноятиро ба бойгони супоридан лозим аст, корманди прокуратура аз ӯ маблағи пули талаб карда истодааст. Ба гуфтаҳои Муқим Махфират бовар намуда ба ӯ 300 доллар маблағи пули медиҳад.
   Муқим такроран 25 сентябри соли 2008 ба назди махфират омада бо роҳи фиреб фаҳмонидааст, ки гӯё ба 27 сентябр дар хонааш шаҳриДушанбе барои аз олам рафтани модараш як сол мешавад ва барои гузаронидани ин маросими соли модараши ба ӯ маблағи пули ба миқдори 500 доллар қарз диҳад ва ҳамзамолн ҳангоми гирифтани маош, ки 4200 соиони будааст, ба ӯ баргардонида медодааст. Махфират ба ин гуфтаҳо бавар карда ба вай 500 доллар маблағ медиҳад.
   Муқим ҷиноятҳои қасдонаи худро идома дода 13 октябри соли 2008 такроран бо мақсади қаллобӣ назди Махфират омада изҳор кардааст, ки сардори Минтақаи баистифодабарии манзили маҳалаи 32-и шаҳри Хуҷанд шиноси наздики ӯ буда ҳоло охирон 5 ҳуҷраҳоро дар маҳаллааш фурӯхта истодааст. Яке аз ҳуҷраҳоро бошад ӯ бон архи арзон хариданист. Бинобар ӯ аз Махфират хоҳиш кардааст, ки ба ӯ 800 доллар қарз дода, якбора шиносномаи духтараш Наргисаро низ диҳад то, ки ӯ ҳуҷраро ба номи духтараш мегузаронидааст. Махфират ба гуфтаҳои Муқим боз бовар карда танҳо 500 доллар дарёфт карда 16 октябри соли 2008 ба дасти ӯ додаст. 
    Аз байн як чанд моҳ гузаштааст, аммо Муқим маблағҳои гирифтаашро бар нагардонидааст. Махфират ба ӯ изҳор намудааст, ки дар сурати бар нагардонидани маблағҳояш ӯ аз болояш ба прокуратураи вилояти СуГд арз мекардааст. Муқим ин гуфтаҳои Махфиратро шунида ӯ аз маблағҳои тасарруф намудааш танҳо 1000 долларашро баргардонидааст. 
Муқим Шарипов бо мақсади қаллоби тахминан 25 октябри соли 2008 ба хонаи Сафархонум Мирҷонова (истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд) омада худро боз бо номи қалбакиаш ва корманди бардурӯги прокуратура муаррифи карда шиносои пайдо намудааст. Сипас ӯ бо роҳи фиреб ба боварии Сафархонум суиистифода намуда изҳор кардааст, ки ба ӯ 500 доллар хело зарур аст. Сафархонум ба ӯ бовари карда ин миқдор маблағро ба ӯ медиҳад. Ғайр аз ин ӯ такроран 2 ноябр боз омада бе ягон сабаб аз Сафархонум хоҳиш мекунад, ки барояш 400 доллар диҳад, зеро барояш хело зарур аст. Ин дафъа низ Сафархонум ба ӯ маблағи гуфтаашро медиҳад.
   Муқим ҷиноятҳои қаллобии худро идома медод. ӯ бо ин мақсад моҳи марти соли 2008 дар мағозаи «Миллениюм», ки дар кучаи Ленини шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст бо шаҳрванд Шаҳодат Юлдошева, ки дар мағозаи мазкур бо хариду фурӯши ҷавоҳироти тиллогӣ машғул аст шиносои пайдо намудааст. ӯ зимни сӯҳбат бохабар гардидааст, ки хоҳарии охирон Раъно Ҳамдамова (соли таваллудаш 1973) бинобар вафот кардани шавҳараш бева мондааст. Сипас барои амали кардани мақсадҳои ғаразноки худ ному насаби бардурӯғи худ, дурӯғ гуфтани корманди прокуратураи вилоят ва дар аснои шиносоӣ, ӯ ба Шаҳодат шаҳодатномаи корманди прокуратураи қалбаки кардашро нишон дода, бо ин роҳ Шаҳодатро бовар кунонидааст, ки ӯ дар ҳақиқат корманди прокуратура аст ва аз оилааш ҷудо шуда, дар танҳои истиқомат мекунад. Муқим бо роҳи фиреб ба Шаҳодат пешниҳод кардааст, ки мақсади бо хоҳари вай Раъно оила бунёд карданро дорад. Шаҳодат ба ӯ бовар карда розигии худро додаст, ки бо хоҳараш Раъно, ки шавҳараш вафот кардааст оиладор шавад.
   Дар ин муддат, ӯ бо ин оила рафту омад карда, огоҳ гардидааст, ки як чанд нафар шаҳрвандон аз Шаҳодат карздор буда охирон дар рӯёнида гирифтани қарзҳояш душвори мекашидааст. Аз ин сабаб Шаҳодат аз ӯ хоҳиш намудааст, ки барои руёнида додани қарзҳояш аз шаҳрвандон кумак расонад. Дар навбати худ ӯ аз ин шароити мусоид истифода намуда, такроран бо мақсади қаллобӣ бо баҳонаи он ки қарзҳои Шаҳодатро аз шаҳрвандон рӯёнида медодааст, аз охирон ҳамчун ҳаққи хизмати ҳимоячӣ, инчунин пардохти боҷи давлати гуфта дар давоми рӯзҳои 22 июли соли 2008 ба маблағи 400 доллар, 13 августи ҳамон сол ба маблағи 1000 доллар, 27 августи 2008 ба маблағи 250 доллар, 24 сенябри 2008 ба маблағи 100 доллар, 29 сентябри соли 2008 ба маблағи 300 доллар, 8 октябри соли 2008 ба маблағи 400 доллар, 20 актябри соли 2008 ба маблағи 500 доллар, инчунин дар давоми ҳамин моҳу рӯзҳо ба миқдори 2050 доллар, ки 1000 доллари он аз 5 адад ороишоти тиллогин иборат буда, мувофиқи маълумотномаи Шӯъбаи Бонкии миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба 17118,055 сомони баробар аст, тасарруф нгамуда аз ин миқдор маблағи пули 900 сомониашро ба ҳимоячии ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматҷон Мамадҷонов, ки дар рӯёнидани қарзҳои Шаҳодат Ии ҳуқуқӣ мерасонидааст пардохт карда, боқимонда пулро, ки ба эҳтиёҷоти худ сарф мекунад.
   Дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои оперативи ҷустуҷӯӣ санаи 12 ноябри соли 2008 аз тарафи кормандони ШММЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Муқим Шарипов Раҷабович муайян ва дастгир карда шуда, ҳангоми гузаронидани кофтукови Муқим аз кисаи чапи курткаи дар тан доштааш як адад шаҳодатномаи хизматии корманди прокуратураи таҳти рақами 155 дарёфт карда гирифта шудааст, ки дар он ба тағир додани ному насаб, яъне ба ҷои Шарипов Муқим Раҷабович-Шарипов Рустам Расулович бо роҳи сохтакори тартиб дода, дар ин шаҳодатнома худро дар вазифаи сармуфаттиш, бо рутбаи подполковник ва ба муҳлати бемӯҳлат зикр намуда, акси худро бо либоси низомии корманди прокуратура гузошта будааст дарёфт карда гирифта шудааст.
   Сапас 19 ноябри соли 2008 соати 11:00 дақиқа, ҳангоми гузаронидани кофтукови ҳуҷраи истиқоматии мувақатии Муқим Шарипов, ки дар суроғаи шаҳри Хуҷанд маҳаллаи 32 хонаи 49 ҳуҷраи 48 ҷойгир аст, боз як адад шаҳодатномаи хизматии корманди прокуратураи таҳти рақами 155 дарёфт карда гирифта шудааст, ки дар он бо тағир додани ному насаб бо роҳи сохтакори тартиб дода, дар ин шаҳодатнома худро дар вазифаи сармуфаттиш бо рутбаи подполковник ва ба мӯҳлати 2007-2010 зикр намуда, акси худро бо либоси низомии корманди прокуратура гузошта гирифта шудааст.
   Инчуни ӯ боз як чанд ҳуҷҷату дипломҳои қалбаки бо номи бардурӯгаш Шарипов Рустам тайёр намудааст.
    Дар маҷлиси суди Муқим худашро қисман гунаҳгор ҳисобидааст.
Суди шаҳри Хуҷанд Тавакалов дар маҷлиси суди Муқим Шарипов ва ҷабрдидагону шоҳидонро шунида ҳукм бароварда Муқимро ба мӯҳлати 9 солу 6 моҳ бо мусодираи амвол аз озоди маҳрум карда бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян, бо адои ҷазо дар Колонияи ислоҳии дорои низоми «пурзӯр» таъин карда шуд. Ва ба фоидаи ҷабрдидаҳо Каромат Сафарова 2893,14 сомони, Марҳамат Расулова 3739,6 сомони, Норӣ Ҷӯрабоева 750 сомони, Нории Қирғизбоева 4157,88 сомонӣ, Махфират Шерматова 1707,5 сомонӣ, Сафархонум Мирҷонова 3061,53 сомонӣ, ва Шаҳодат Юлдошева 16218,055 сомони аз ҳисоби маҳкумшуда Муқим Шарипов рӯёнида мешавад.

Амриддини АЛОВАДДИН «ҲАМСОЯҲО» 


Source: http://www.varorud.tj


 

Просмотров: 336

  Голосования
1 2 3 4 5  
Оценка:
Число голосов: 1
Комментарии
  Cooming soon! Updating...
 
 
 
  © 2007 MYNET.TJ All Rights Reserved.   Помощь · Семинары · Реклама на mynet.tj · О компании · Вакансии · Сувениры  
Таджикистан: рейтинг таджикских сайтов, новости таджикистана, таджикская музыка, таджикские mp3